Talk to Sales

Benchmarks

View scores and output across OCR models spanning many document categories.

Want to run these evals on your own documents?

Talk to Sales
Page 1

- дархост дар бораи бақайдгирии нишона ба сифати тамғаи молӣ бо нишон додани номи аризадиҳанда ва инчунин нишонии макони ҷойгиршавӣ ё зисти ў (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584);

- нишонаи арзшаванда;

- номгўи молҳое, ки тибқи ТБМХ гурўҳбандӣ шудаанд ва бақайдгирии тамғаи молӣ нисбат ба онҳо дархост мешавад;

- шарҳу тавсифи нишонаи арзшаванда.

Ариза ба забони давлатӣ ё забони русӣ пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584).

Аризаро аризадиҳанда имзо мекунад ва дар сурати ба воситаи намояндаи патентӣ пешниҳод шудани он - аризадиҳанда ё намояндаи патенти имзо менамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584).

Ба ариза бояд ҳуҷҷатҳои зерин илова карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584):

- ҳуҷҷате, ки бо андозаи муқарраргардида ворид шудани пардохти ҳатмиро барои пешниҳоди ариза тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584);

- оинномаи тамғаи коллективӣ, агар ариза барои бақайдгирии тамғаи молии коллективӣ пешниҳод шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584);

- ҳуҷҷате, ки ҳуқуқу салоҳияти намояндаи патентиро тасдиқ мекунад, агар ариза ба воситаи намояндаи патентӣ дода шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584).

Ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда бо забони давлатӣ ё забони дигар пешниҳод мегарданд. Агар ин ҳуҷҷатҳо бо забони дигар пешниҳод шуда бошанд, ба ариза тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ замима карда мешавад. Тарҷумаро ба забони давлатӣ на дертар аз ду моҳи пас аз санаи ба аризадиҳанда фиристодани огоҳиномаи Идораи патентӣ оид ба зарурати иҷрои ин шарт пешниҳод намудан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584).

Ба сифати санаи пешниҳоди ариза санаи ба Идораи патентӣ ворид гардидани ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум-сеюми қисми панҷуми моддаи мазкур пешбинишуда ва агар ин ҳуҷҷатҳо дар як рўз ворид нагардида бошанд, санаи ворид шудани ҳуҷҷати охирин қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584).

Идораи патентӣ маълумотро вобаста ба аризаҳои пешниҳодшуда оид ба тамғаҳои молӣ, ки аз экспертизаи расмӣ гузаштаанд, дар хабарномаи расмии "Навиди патентӣ" нашр менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584).

Пас аз нашри маълумот оид ба ариза то қабули қарори экспертизаи нишони арзшуда ҳар як шахс ҳуқуқ дорад ба Идораи патентӣ ба таври хаттӣ аризаро, ки далелҳои қарор доштани нишонаи арзшударо таҳти амали моддаҳои 8, 9 ва сархатҳои якум - сеюми қисми якуми моддаи 33 Қонуни мазкур дар бар мегиранд, пешниҳод намояд. Баъди ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани ариза ҳар як шахс ҳуқуқ дорад бо ҳуҷҷатҳои он шинос шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584).

Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои бақайдгирии тамғаҳои молиро Идораи патентӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584).

Моддаи 12. Экспертизаи ариза ба тамғаи молӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584)

Экспертизаи ариза аз ҷониби Идораи патенти гузаронида шуда, экспертизаи расмӣ ва экспертизаи нишонаи арзшударо дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584).

Дар рафти гузаронидани экспертизаи ариза то аз рўи он қабул гардидани қарор аризадиҳанда ҳуқуқ дорад ба ҳуҷҷатҳои ариза иловаҳо, тасҳеҳот ва ислоҳот ворид намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584).

Агар маводи иловашаванда номгўи молҳоеро дар бар гирад, ки дар ариза то санаи пешниҳоди он зикр нашуда буданд ё агар нишонаи арзшуда моҳиятан тағйир дода шавад, ин гуна маводи иловагӣ баррасӣ карда намешавад ва бояд ба сифати аризаи мустақил ба расмият дароварда шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584).

Тағйир ёфтани аризадиҳанда дар сурати гузашт намудани ҳуқуқ ба ариза ё дар натиҷаи тағйир додани номи аризадиҳанда, инчунин ислоҳ намудани хатоҳои намоёну техникиро дар ҳуҷҷатҳои ариза то санаи бақайдгирии тамғаи молӣ анҷом додан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1584).

Дар рафти гузаронидани экспертиза Идораи патентӣ ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда маводи иловагиеро, ки бе онҳо гузаронидани экспертиза имконнопазир аст, дархост намояд.